Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода имрӯз ба аҳолии аз заминларза осебдидаи деҳоти шаҳри Ваҳдат кумаки башардӯстона фиристод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, кумаки ирсолшуда ба осебидагон аз офати табиӣ аз 7, 5 тонна орд, 3 тоннаву 750 кило шакар, ҳамин миқдор биринҷ, 1,5 тоннагӣ равғани рустанӣ ва макарон ва ҳамчунин 110 адад хаймаҳои гарму оташдонҳо иборат аст.

«Кӯмаки башардӯстона тавассути нақлиёти автомобилии КҲФ ва МГ ба макони ҳодиса расонида шуда, комиссияи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба тақсими он машғул аст», - гуфт Нозимов.