Нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев Қоҳир Расулзодаро ба муносибати ба вазифаи нахуствазири Тоҷикистон таъин шуданаш табрик кард.

Дар барқияи табрикотии нахуствазири Қирғизистон зикр мегардад, ки «дар Қирғизистон ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва пуштибонӣ аз якдигар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд».

«Мутмаинам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаб ба рушди минбаъдаи бемайлони ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин истифодаи имконоти воқеии кишварҳо дар таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамҷаворӣ ба хотири некӯаҳволии мардуми кишварҳоямон мусоидат хоҳад кард», - гуфта мешавад дар барқия.

Сотиболдиев ҳамчунин изҳори умедворӣ мекунад, ки бо нахуствазири нави Тоҷикистон дар доираи кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Тошканд (28-29-уми ноябр) мулоқот карда, масоили муҳими рӯзмарра ва мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ хоҳад кард.