Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ тағйирот ворид карда шуд.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакили парлумон Тӯрахон Самадов зикр кард, ки моҳияти тағйирот дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон акнун барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо амволи ҷинояткорон мусодира мегардад.

«Дар тағйирот мусодираи молу мулки ҷинояткорони дар рабудани нақлиёти ҳавоиву баҳрӣ, роҳи оҳан, порадиҳӣ, тамаъҷӯӣ, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, ҳамла ба намояндагии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дастдошта пешбинӣ шудааст», - қайд кард вакил.

Бо аксарияти кулли овозҳои намояндагони мардумӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии ҶТ дастгирӣ карда шуд.