Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд, ки дар он нақшаи музокироти парлумонӣ барои соли 2014 тасдиқ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар нақшаи музокироти парлумонӣ баррасии ҷараёни иҷрои қонунҳои қаблан қабулшуда, барномаҳои давлатӣ, мушкилоти экологӣ, истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷет ва дигар масоили муҳими рӯзмарра пешбинӣ шудааст.

«Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ (бимавӣ)», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи суғурта (бима)-и тиббӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои истифодабарандагони об» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» низ баррасӣ шуданд», - иброз дошт Султонов.

Ба қавли номбурда, тағироту иловаи номбаршударо Шӯрои МНМО ҶТ ҷиҳати омӯзишу баррасии дақиқ ба кумита ва комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол кард.