Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии кори иҷлосияи шонздаҳуми МММО ҶТ раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки соли 2013 барои Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Тоҷикистон соли пурсамар маҳсуб меёбад.

Ӯ таъкид дошт, ки соли равон Маҷлиси миллӣ дар маҷмӯъ 120 қонуни аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, аз ҷумла 26 қонун дар таҳрири нав ва 24 қарори ҳукумат дар бораи тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишинро тасдиқ намуд.

«Танҳо тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсия», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуда буд, дастгирӣ нагардида, ба бозбинӣ ва таҳияи дубора фиристода шуд», - гуфт М.Убайдуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 10 лоиҳаи қонунҳо, ки аз ҷониби аъзои МММО ҶТ омода шудаанд, имрӯз мавиди баррасии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарор доранд.