Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон маъракаи интихобот ба ҷойи се вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумонро баргузор намекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи моддаи 57 Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», интихобот ба ҷойи вакили хориҷшудаи палатаи поёнӣ ва болоии парлумон танҳо дар муҳлати то як сол гузаронида мешавад.

«Барои  баргузории интихобот КМИР бояд ду моҳ пеш аз он қарор қабул кунад ва агар ҳатто имрӯз ҳам чунин тасмим гирифта шавад, пас интихобот рӯзи 3-юми март баргузор мегардад. Ваколатҳои аъзои палатаи поёнии парлумон 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасанд ва тибқи қонун ба баргузории интихобот иҷозат дода намешавад», - зикр кард Додоев.

Ӯ хотиррасон намуд, ки маъракаи интихобот ба ҷойи 9 вакили палатаи болоии парлумон, ки ба санаи 15-уми феврал таъин шудааст, қонунӣ аст, зеро муҳлати ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ аз санаи баргузории интихобот беш аз 1 солро ташкил медиҳад.

«Ҳамин тариқ, то охири даъвати кунунӣ шумори вакилони палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 63 нафар 60 нафар хоҳад буд ва ин ба кори парлумон таъсир нахоҳад дошт, зеро кворум дар он мавҷуд аст», - афзуд Додоев.

Ёдрас мекунем, ки дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро месупорад.

Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ҳайати МНМО ҶТ хориҷ мегардад. Махфират Хидирова низ бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ таъин шуданаш аз ваколатҳояш дар МНМО ҶТ маҳрум шуд.