Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, олими варзида ва сиёсатмадори шинохта Худобердӣ Холиқназаров, ки то ин вақт Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Директори қаблии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов аз ин вазифа бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуд.

Абдураҳим Холиқов аз нав Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Тоҷиддин Асомиддинов ва Азизулло Мирзоев, ки кадрҳои ҷавону кордони соҳа мебошанд, муовинҳои Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Нурулло Маҳмадуллоев Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Анвар Бобоев Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъин гардиданд. Наврӯз Ҷаъфаров ба ҷойи Аъзамҷон Мирзоев Сардухтури санитарии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин карда шуд.

Варзишгари маъруфи тоҷик, ҷоизадори мусобиқаҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ Дилшод Назаров Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Зебо Юнусова аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод карда шуд ва Абдукарим Шехов, ки то ин вақт Сардухтури Маркази миллии тиббӣ буд, ба вазифаи Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардид.

Собиқ Котиби миллии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Солеҳ Муминов ба ҷойи Сайдулло Ёрмаҳмадов Сардори Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт таъин карда шуд.

Варзишгари маъруфи тоҷик, ҷоизадори мусобиқаҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ Дилшод Назаров Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бо розигӣ ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони як қатор раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро барои ба вазифаҳои нав таъин шудан табрик гуфта, ҳамзамон ба хизмати содиқонаю софдилона ба давлату миллат, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, такмил додани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.