Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон бидуни баррасӣ якдилона созишномаҳои бурсии аз ҷониби президент пешниҳодшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (АБР) оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуданд.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Аламхон Наимӣ изҳор кард, ки маблағи созишномаи аввал 10 млн. доллари ИМА буда, он ба соддатару осонкунии фаъолият дар бахши соҳибкорӣ равона шудааст ва муҳлати анҷоми он ахири соли 2016 муқаррар гардидааст.

«Аз ҷумла, хароҷоти воситаҳо барои ба итмом расонидани таъсиси Равзанаи ягона, гирифтани иҷозатнома дар соҳаи сохтмони саноати маъдани кӯҳӣ тибқи тартиби соддашуда дар назар аст», - зикр кард Наимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» АБР ба сифати бурс 16 млн. $ ҷудо карда, ҳиссаи мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин лоиҳа 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Дар доираи лоиҳаи мазкур, ки амалисозиаш то соли 2015 идома меёбад, ба вазъи кори шабакаҳои обрасони пойтахт беҳбудӣ бахшида шуда, шаҳри Душанбе бо 76 ҳазор адад ҳисобкунакҳои обӣ таъмин карда мешавад», - афзуд муовини вазири молия.