Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск раҳсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 30-юми май доир мегардад, баррасии беш аз 20 лоиҳаи санадҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳо дар соли 2013 ва дар давраи то соли 2020 ва Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2014 мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин имзои созишномаи танзими ҳамкориҳо дар соҳаи табодули байнидавлатии маълумоти илмӣ-техникӣ ва ҳамкории мутақобилаи иттилоотии кишварҳои узви ИДМ дар бахши таъмини амнияти нақлиётӣ низ тарҳрезӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчуни атрофи тадбирҳои рушди ҳамкориҳо дар бахши радионавигатсия ва гидрометеорология дар солҳои наздик, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои, варзиш, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.