Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, дар маркази ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки асосан барои хизматчиёни давлатӣ ва маъюбону шахсони ниёзманди ноҳия пешбинӣ шудааст, иштирок намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Президенти мамлакат бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, тибқи талаботи меъмории замони муосир бунёд ёфтааст.
Дар ҷараёни сафари кории мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардид. Дарозии роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии «Восеъ - Ховалинг» оғоз меёбад. Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллали амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо тарҳи роҳи мазкур дар маркази ноҳияи Балҷувон Сарвари давлат бо фаъолони вилоят ва сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуда, зимни суханронӣ назди онҳо ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳимро дар маркази ноҳия дар арафаи истиқбол аз солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзанда арзёбӣ кард.