Чорабиниҳои асосии идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 26 ё 27 март дар шаҳри Панҷакент барпо мешаванд, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, санаи дақиқи баргузории чорабиниҳои идона дар Панҷакент рӯзҳои наздик маълум мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷашни Наврӯз дар Панҷакент ҳамчунин аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеаи кишвар низ иштирок мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки ходимони санъату фарҳанги кишвар намоиши пуршукӯҳи идона барпо мешавад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашниНаврӯз дар Панҷакент бо иштироки президент санаи 21 март пешбинӣ гардида буд.
Аммо баъдан маълум шуд, ки аз 21 то 23 март Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк рафта, дар чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ширкат меварзад.
Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти СММ, аз ҷумла Дабири кулли Созмон Антониу Гутерриш низ дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста