Зимни сафари қарибулвуқӯъи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи сентябр дар шаҳри Хоруғ гузашти низомӣ доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар гузашти низомие, ки дар маркази шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, сарбозону афсарони гарнизони маҳаллӣ сафороӣ ва иштирок мекунанд.

Ба ҷуз воҳидҳои Вазорати мудофиаи мустақар дар ВМКБ, дар гузашт дастаҳои милитсияи маҳаллӣ, сарҳадбонон ва дигар сохторҳои қудратии вилоят ширкат меварзанд.

Шумори дақиқи сарбозону афсароне, ки бояд дар гузашт ширкат варзанд, дар марҳиаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки зимни сафари Сарвари давлат ба ВМКБ дар ин минтақа бо ҳузури ӯ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар ВМКБ Президенти мамлакат ҳамчунин бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа шинос шуда, дар чанде аз ноҳияҳои вилоят бо фаъолон вохӯрӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.