Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Агентии хизмати давлатии назди президенти ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи пешгирии бархӯрди манфиатҳо дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ”-ро мавриди таҳия қарор додаанд, ки ба коҳиши хатарҳои коррупсионӣ байни хизматчиёни давлатӣ равона шудааст.
Лоиҳаи қонун дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, имрӯз дар бораи санаи мушаххаси баррасии он дар парлумон сухан гуфтан барвақт аст, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Нигора Муқимӣ.
“Конун ба пешгирии амалкарди мансабдороне, ки манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ боло гузошта, қарорҳои мухолиф ба манфиатҳои мардум ва давлатро қабул мекунанд, нигаронида шудааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” корманди Агентии хизмати давлатии назди президент Рисолат Сайфиддинова.
Ба ақидаи таҳиягарони лоиҳаи қонун, меъёрҳои қонун ба хизматчии давлатии ҳама гуна сатҳ имкон намедиҳанд, ки дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиатҳои хусусӣ, молӣ ва тиҷоратии худаш ё хешовандону аъзои оилаашро авлотар донад.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз қабули қонун, кам кардани шумори ҳодисаҳое мебошад, ки дар онҳо шахсони мансабдор ба ҳолатҳои водоркунанда барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ қарор мегиранд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста