Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии иди Рамазон, ки санаи 5 июн фаро мерасад, табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар номаи шодбошии худ ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати ҷумҳурӣ тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кӯдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд.
“Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки минбаъд сафи чунин шахсони саховатпешаву савобҷӯй боз ҳам бештар мешавад. Ҳар амали хайр ва навозишу дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону ниёзмандон дар фарҳанги мусулмонӣ аз ҷумлаи амалҳои писандидатарин ба ҳисоб меравад”, - омадааст дар табрикот.
Дар идома президент зикр мекунад, ки моҳияти инсондӯстӣ ва таҳаммулгароии дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва тақвияти робитаҳо миёни сокинони мамлакат мусоидат менамояд.
“Ҳанӯз дар марҳалаҳои аввали густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик, ба монанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаҳои инсонпарварона, омӯзиши илму маърифат ва одобу фарҳанг нақши барҷаста бозидаанд”, - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Дар номаи шодбошӣ таъкид мешавад, ки фарорасии иди Фитрро мардум бо оростани дастурхони идона, вале бо риояи қоидаҳои сариштакорӣ ва парҳез аз исрофкорӣ, бо қалби поку ниятҳои нек ҷашн мегиранд.
“Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад”, - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста