Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи болоии парлумони кишвар оид ба бозхонди Асрор Шарифзода аз вазифаи судяи Суди олӣ ва ба палатаи поёнии парлумон дар мавриди бозхонди Ҷамшед Ҷамшедзода аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан пешниҳодҳо манзур намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи номзадии онҳоро ба вазифаи судяҳои Суди конститутсионии кишвар пешниҳод кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар дод, пагоҳ, 11 июл зимни иҷлосияи навбатӣ вакилони палатаи болои парлумон ин пешниҳодҳои Сарвари давлатро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти ҷумҳурӣ дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва намояндагии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин яке аз муовинони раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод шуда, Зайнура Азимӣ муовини раиси вилоят таъин гардид. То таъинот ба ин мансаб Зайнура Азимӣ ба ҳайси муовини раиси шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.