Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ дар ҷумҳурӣ амр ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин робита вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки баргузории чорабиниҳоро вобаста ба идҳои мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар идҳои харбузаву асал гузаронида мешаванд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе имсол санаи 25 август бори нахуст дар бозори “Меҳргон” Иди кадуро баргузор мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
“Истиқлол” дар бозии панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳам шикаст хӯрд
Ваъдаи берун кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Русия. Шойгу дар Кобул чӣ гуфт ва чӣ шунид?
Роҳбари ВТБ: Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста