Палатаи поёии парлумон имрӯз, 18-уми декабр созишномаро аз рӯйи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ кард.
Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Рустам Вализода изҳор дошт, ки созишнома моҳи августи соли 2019 ба имзо расида, маблағҳои ҷудомешуда аз ҷониби Ҷопон барои амалисозии он грант мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа таъмиру навсозии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар пешбинӣ шуда, ҳукумати Ҷопон тариқи JICA барои татбиқи лоиҳаи мазкур 3 млрд. 232 млн. йени ҷопонӣ ва барои анҷоми корҳои муфассали лоиҳакашӣ 117 млн. йени ҷопонӣ (наздики 31 млн. доллар) ҷудо мекунад.
Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аст. Муҳлати амалисозии лоиҳа 22 моҳ аз замони имзои созишнома муқаррар шудааст. Масофаи қитъаи роҳ наздики 9,2 километрро ташкил медиҳад.
Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ қитъаи духатаи роҳ чорхата мешавад.
Айни замон ҳудуди 40 километр роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар аз ҳисоби маблағҳои Бонки осиёии рушд (БОР) таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузории БОР дар лоиҳа 90 млн. доллар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста