Бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони вилояти Суғд ва нафароне, ки ба бемории короновирус гирифтор шудаанд, 140 мошин кумаки моддӣ аз пойтахти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои Суғд интиқол ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, кумаки моддӣ аз 900 тонна маводи озуқа ва доруворӣ иборат буда, маблағи умумии он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ин кумак ба муассисаҳои тиббӣ дар 18 шаҳру навоҳии вилоят, шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибон дастрас шуда, маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал – орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

1/3

“Маводи тиббӣ аз номгӯйи доруворие, ки Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои табобати бемории COVID-19 муқаррар кардааст ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили корҷомаҳо, ниқобу дастпӯшҳо ва бастаҳои гигиенӣ фароҳам оварда шудааст”, - омадааст дар хабар.

Бо мақсади таъмини шаффофу оқилона ва тибқи таъинот тақсим шудани маводи тиббӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, шахсони масъули ҳукумати вилоят, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода осоишгоҳҳои вилоят барои гузарондани давраи карантини табибоне, ки дар марҳилаи аввали мубориза бо бемории каронавирус қарор доштанд, омода карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар осоишгоҳи Юсуфзодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маркази солимгардонии бемориҳои дил дар шаҳри Хуҷанд кормандони соҳаи тиб бо шароити зарурӣ фаро гирифта шуда, давоми 14 рӯз давраи карантиниро паси сар мекунанд.

Зикр мешавад, ки рӯзи 16-уми май 55 нафар баъд аз табобат аз беморхонаи вилоятӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.