Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Данғара марҳилаи дуюми корхонаи “Фарм Теск”-ро ба истифода дод, ки ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ, инчунин лавозимоти шахсии гигиенӣ машғул аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, “Фарм Текс”, ки аз ҷониби соҳибкорӣ маҳаллӣ бунёд гардидааст, дар умум 13 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунад.
Сехи истеҳсолии корхона бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз ва бо истифода аз он маҳсулоти аълосифати ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.
Дар марҳилаи дуюми корхона истеҳсоли бинтҳои тиббӣ аз пахтаи гигроскопии сафедкардашуда, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона то 5 миллион адад бинтҳои докагии пахтагин, салфеткаҳои пахтагин ва тиббии тамизшуда бо риштаи дар нурҳои рентгенӣ маълумшавандаро ташкил медиҳад.
Бо оғози фаъолияти коргоҳи “Фарм Текс” маводи тиббӣ аз қабили бинтҳои пахтагин, сачоқҳо ва дигар маводи тиббӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шуда, талаботи аҳолӣ ба чунин молҳо аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин мегардад.
Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.
Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, таъсис додани ҷойҳои навӣ корӣ ва дар маҷмуъ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис дода шуда, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. Коргарони коргоҳи дӯзандагиро асосан занону духтарони хонашин ташкил медиҳанд. Дар ин коргоҳ курпаҳои пахтагӣ, курпачаҳо ва рахти хоб истеҳсол карда мешавад, ки дорои сифати хуб мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки сафари кории худро ба вилояти Хатлон Сарвари давлат рӯзи 28 май аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста