Таҳти раёсати президенти кишвар, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 июн маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он, аз ҷумл ба масъалаи интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19” таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.
Бори дигар таъкид шуд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар Facebook навиштае нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, “дар роҳи сироят ва паҳншавии коронавирус аз нақлиёти ҷамъиятӣ дида, дигар чизе хатари бештар надорад!”.
“Дар барқияи Ситоди ҷумҳуриявӣ омадааст, ки ба хотири беҳдошти саломатии ҷомеа тӯю маъракаҳо ва дигар расму оин бо шумораи маҳдуди одамон гузаронда шаванд. Аммо дар бораи танзими ғунҷоиш дар нақлиёти ҷамъиятӣ чизе гуфта нашудааст. Агар муқоиса кунем, дар тӯю маърака ҳарчанд мардум зиёд ҷамъ шаванд, аммо фосила кам андар кам ним метр ва аз ин ҳам бештар байни меҳмонон риоя мегардад, аммо дар маршруткаю автобусҳо ҳатто як ваҷаб фосиларо риоя кардан ғайриимкон аст”, - зикр шуда буд дар навишта.
Аз ин рӯ, пешниҳод гардида буд, ки “беҳтараш қоидаҳои беҳдошт дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шавад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста