Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе, раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 29 сентябр иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт баргузор шуд.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, зимни иҷлосия ӯ ба шахсони масъул ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас барои омодагии Марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳову шабакаҳои гармидиҳӣ, бино ва иншоот ба мавсими гармидҳӣ дастур дод.
Инчунин ҷиҳати аз таъмир баровардани зеристгоҳҳои барқӣ ва иваз намудани таҷҳизоту хатҳои барқии фарсуда, захира намудани сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, маводҳои зиддилағжиш, омода намудани нақлиётҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, техникаву механизмҳои коммуналӣ барои тоза кардани роҳҳо дар фасли сармо супоришҳо дода шуданд.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дастур дод, ки ба миқдори зарурӣ маҳсулоти ниёзи аввалия, бахусус орд, сабзӣ, картошка захира карда шавад.
“Раиси шаҳр супориш дод, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти маъмурикунонии андоз, татбиқи самараноки Барнома, ҷоригардонии иқтисоди рақамӣ ва аз байн бурдани таъсири инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба андозсупорандагон, аз ҷониби мутахассисони баландихтисосу ботаҷрибаи соҳа расонидани ёрии амалӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуҳуқӣ роҳандозӣ карда шавад”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ӯ ҳамчунин ба сохторҳои масъул дастур дод, ки ҷиҳати то мавсими сармо ва оғози фасли зимистон ба анҷом расонидани корҳои азнавсозӣ, бахусус хобонидани қабати мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, ки дар асоси лоиҳаҳои шаҳрӣ амалӣ мегарданд, барои ҳарчӣ зудтар ворид намудан ва ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли асфалту бетон, таъмини фаъолияти роҳдорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар гузаронидани корҳои таъмири ҷорӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки масъалаи таъмин ва ба кор андохтани тарозуҳои муосири ченкунии мошинҳои боркаш дар чор тарафи шаҳр, бе кандани роҳҳо гузаронидани хатҳои обу корезӣ ва коммуникатсия ва ба сангҳои ватанӣ иваз кардани сангканораҳо ҳал карда шавад.
Зимнан супориш шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани иҷрои корҳои босифати таъмири ҷории роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, бахусус хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш тадбирҳо андешида шаванд.
Дар иҷлосия ба масъалаи дар мавсими боришот роҳ надодан ба ҷамъшавии об дар роҳҳо, махсусан дар роҳҳои дусатҳа, сесатҳа ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.