Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ эълон кард, ки тайи 20 соли ахир рушди иқтисод ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5% таъмин шуда, даромади буҷет аз 252 млн сомонӣ то 28 млрд сомонӣ расид.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 млрд сомонӣ дар соли 2000-ум то ба 5 млрд сомонӣ дар соли 2021 афзуд.
Яъне дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар, ҳаҷми буҷети давлатӣ - 111 баробар ва ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ - зиёда аз 30 баробар афзуд.
Президент ҳамчунин зикр кард, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои 1,4 млн оила барои сохтмони манзил 138 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд.
“Зиёда аз 8 млн 800 ҳазор шаҳрвнадони ҷумҳурӣ имкон пайдо намуданд, ки шароити зиндагиашонро беҳтар созанд. Хотиррасон мекунам, ки давоми 70 соли то истиқлолият ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд”, - гуфт ӯ.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки соли 1991 дар Тоҷикистон 216 ҳазор автомобилҳои шахсӣ ба қайд гирифта шуда, имрӯз шумори онҳо ба зиёда аз 2 млн адад расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 3,3 млн ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста