Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумони ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки иқтидори энергетикии кишвар то соли 2030 қариб ду баробар зиёд мешавад.
Ӯ изҳори итминон кард, ки бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги сохтмону барқароркунӣ ва навсозии зерсохтори электроэненергетикӣ, иқтидори неругоҳҳои барқии кишвар то 10 ҳазор МВт зиёд мешавад.
Президент шарҳ дод, ки ин маънои онро дорад, ки “ҷумҳурӣ пурра ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ” ноил мегардад.
Сарвари давлат илова намуд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи сабз, ҳукумати кишварт о охири соли 2022 бояд Стратегияи рушди энергетикаи сабзро қабул намуда, амалисозии саривақтии бандҳои онро таъмин кунад.
Айни замон иқтидори умумии муқарраршудаи низоми электроэнергетикии ҷумҳурӣ ба ҳудуди 5,8 ҳазор МВт баробар аст.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 18,7 млр кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.
Дар ҳамин ҳол, мавсими дуюми тирамоҳу зимистон сокинони деҳоти кишвар ба камбуди шадиди барқ дучоранд. Ба аҳолии деҳот субҳ аз соати 5 то 8 ва шомгоҳон - аз соати 18 то 22 барқ дода мешавад.
Аммо ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли барқро ба ҳеҷ гуна эътироф накарда, арзу шикояти истеъмолгаронро “овозаҳо” ва қатъҳои интиқоли барқро - корҳои барқаросозиву таъмир шарҳ медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста