Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Самад Саидзодаро сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон таъин кардааст. Самад Саидзода то ин дам ёвари раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода буд.
Фармони таъиноти Саидзода 30 декабри соли 2021 содир шудааст ва тибқи иттилои як манбаъ аз ин ниҳод то замони барканории ӯ сардори ин хадамот Қирғизбек Зокирзода буд.
Самад Саидзода зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Ҳафтаи гузашта Ширин Амонзода Саид Камолзодаи 24-соларо сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд таъин карда буд. Камолзода то расидан ба ин мақом сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, донишгоҳро дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонидааст
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста