Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ки дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумонии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур ба сатҳи хизматрасонии байналмилалии ҳамлу нақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистону Туркманистон беҳбуд мебахшад.
Гуфта мешавад, созишнома инчунин ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар, бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути Баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳои Аврупо мусоидат хоҳад кард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон 18,1 млн долларро ташкил додааст, ки 2,7 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард
Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" пас аз суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева
Оббандии Қирғизистон қулфинайро дар Овчӣ-Қалачаи Суғд пастсифату гаронарзиш кард
Тоҷикистону Миср мехоҳанд дар бахши хадамоти авиатсияи гражданӣ корхона таъсис диҳанд
Байни Душанбе ва Қазон хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд
Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон
Дар Ӯзбекистон боз мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд
Дар Ереван низ беш аз 90 ширкаткунандаи раҳпаймоиҳои мухолифинро боздошт кардаанд
Изҳороти "Азия-Плюс" дар мавриди вазъи ВМКБ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста