Аз 9 то 12 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари кории 4-рӯза ба вилояти Суғд меравад. Президент аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров боздид мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.
Ӯ гӯфт, ҳадафи сафари раисҷумҳур дидору мулоқот бо мардум, ифтитоҳи як силсила корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои фарҳангиву маорифу тандурустӣ ва боздид аз рафти корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ мебошад.
“Аз ҷумла, дар шаҳри Бӯстон ба истифода додани бинои корхонаи дӯзандагӣ ва ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ ва қолинбофии дастӣ ва абрешим дар КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, корхонаи истеҳсоли коғаз дар ҶДММ “Дурахшони Бӯстон” дар назар аст” - гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода.
Дар шаҳри Истравшан корхонаи бисёрсоҳавии истеҳсолии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз” ва корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ “Нури Истаравшан” ба истифода дода мешавад.
Дар дар ҶСК “Конибодом”-и шаҳри Конибодом коргоҳи коркарди меваи хушк ифтитоҳ мегардад.
Инчунин, ба фаъолият шурӯъ кардани биноҳои нави мактаб, маркази саломативу маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар назар аст.
Кадом роҳҳо баста мешавад?
Дар ҳамин ҳол, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд бо нашри эълон дар бораи муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 9 то 12 августи соли равон дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят хабар додааст
Дар шарҳи сабаби муваққатан маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд, сафари кории меҳмонони олимақом ба шаҳру ноҳияҳои вилоят гуфта шудааст.
Масъулин аз соҳибони воситаҳои нақлиёт даъват намудаанд, ки дар ин рӯзҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракати худро идома дода метавонанд.
“Санаи 9 августи соли 2022 ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Гагарин, Сирдарёи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, роҳи ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Боғи миллӣ, кӯчаҳои шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мешавад” – омадааст, дар эълони БДА.
Бар пояи хабари манбаъ, 10 августи соли 2022 дар роҳи ҷамоати деҳоти Пошкент, ва кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан ва 11 август дар роҳи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад.
Санаи 12 август ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, А. Шукуҳӣ, И. Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев, С. Умаров, Сирдарё то гардиши Ором, роҳи ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматов, Боғи миллӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ва Бӯстон маҳдуд карда мешавад.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста