Cубҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сафари кории президент бо ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Гуфа мешавад Филиали Агентӣ аз маъмурият, сектори илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, бахши иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.
Президент зимни шиносоӣ таъкид дошт, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад.
“Қисмати асосии кормандони Филиали Агентиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар марказҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои пешрафта таҳсил ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд”, - зикр мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд бо нашри эълон дар бораи муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 9 то 12 августи соли равон дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят хабар додааст.
Бубинед кай ва кадом роҳҳо баста мешаванд:
“Санаи 9 августи соли 2022 ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Гагарин, Сирдарёи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, роҳи ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Боғи миллӣ, кӯчаҳои шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мешавад” – омадааст, дар эълони БДА.
Бар пояи хабари манбаъ, 10 августи соли 2022 дар роҳи ҷамоати деҳоти Пошкент, ва кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан ва 11 август дар роҳи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад.
Санаи 12 август ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, А. Шукуҳӣ, И. Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев, С. Умаров, Сирдарё то гардиши Ором, роҳи ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматов, Боғи миллӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ва Бӯстон маҳдуд карда мешавад.
Масъулин аз соҳибони воситаҳои нақлиёт даъват намудаанд, ки дар ин рӯзҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракати худро идома дода метавонанд.