Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби ҳалокат ва осеби зиёди одамон бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти Туркия, ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт дар вилояти Бартини Ҷумҳурии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.
“Ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷеа изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», - изҳори тасаллӣ мешавад дар барқия.
Тибқи маълумоти ахири ВАО, бар асари таркиш дар кони ангишти шаҳри Амасра дар шимоли Туркия 41 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти шаҳрдории Амасра, 11 нафар зинда берун оварда шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба зиёда аз 50 нафар ангиштканон муяссар шудааст, ки мустақилона аз кон бароянд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста