Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 май бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар аъзои ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ду рӯз - 3 ва 4-уми май давом мекунад.
Зимни дидору гуфтушунидҳо вазъи ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Остона ҳамоиши тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон мегузарад, ки дар он намондагони сохторҳои расмӣ ва тоҷирони машғул ба фаъолият дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусзоӣ ва дигар соҳаҳо иштирок доранд.
Тавре ки маълум аст, дар чаҳорчӯби кори форуми тиҷоратӣ ба маблағи 1 млрд 300 млн доллар қарордодҳо ба имзо расида, ҷонибҳо ният доранд, ки ин рақамро то 2 млрд доллар расонанд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста