Мақомоти вилояти Хатлон мехоҳад, ки номзади худро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон номзад пешниҳод шавад.
Тавре нашрияи вилоятии “Хатлон” иттилоъ медиҳад, ин масъала рӯзи 19-уми май дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ин даъвати 6-уми вакилони халқи вилоят аст ва инчунин дар он масъалаҳои ҷорӣ низ баррасӣ мешавад.
Бояд гуфт, ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор карда буд, ки интихоботи узви нави Маҷлиси миллӣ ба ҷои узви ихроҷшуда 21-уми июни соли равон баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси пешини вилоят буд, ки ахиран барканор шуд.
Қурбон Ҳакимзода, ки дар палатаи болоии парлумон роҳбарии Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияро ба уҳда дошт, ахиран бо фармони раисҷумҳур вазири кишоварзӣ таъйин гардид.
Ҳоло интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон номзад пешниҳод шавад.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста