Диловар Баротзода, муовини якум ва Ҷамшед Воҳидзода, муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд. Ҳамчунин, муовинони раиси чанд шаҳру навоҳии дигар низ таъйин шудаанд. Дар ин бора саҳифаи расмии ҳукумати шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар шабакаҳои иҷттимоӣ хабар медиҳанд.
Манбаъ менависад, ки ин тағйирот бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Нурулло Мирзозода, собиқ муовини аввали раиси шаҳри Бохтар чанд моҳ қабл аз вазифа озод ва бо фармони президент, раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъйин шудааст.
Ҷамшед Воҳидзода ба ҷои Дилшод Маҳмадҷонзода муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардид. Маълум нест, ки Дилшод Маҳмадҷонзода баъди аз вазифаи муовини раиси шаҳр озод шудан ба кадом вазифа таъин шудааст.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, Қурбоналӣ Қурбонзода муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардид. Ӯ то таъин шудан ба ин вазифа, беш аз як сол роҳбарии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон буд ва то он вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт.
Қумринисо Сангализода, ки то ин дам муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон буд, муовини дигари раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин шудааст.
Ҳамин тариқ, Паймона Гадозода ва Мизроб Раҷабзода муовинони раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин шудаанд. Чанд моҳ ин ҷониб раиси ноҳияи Панҷ танҳо як муовин дошт. Муовинони ӯ бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифа озод шуда буданд.
Қаблан, Паймона Гадозода ба ҳайси сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ ва Мизроб Раҷабзода директори мактаби №18-и ноҳияи Панҷ кор мекарданд.
Дар мувофиқа бо президент, Бадахшон Амирзода ва Саидбеки Сафарзода муовинони раиси ноҳияи Кӯшониён таъин шуданд.
Бояд гуфт, ки Бадахшон Амирзода дар вазифаи муовини раиси ноҳия бахши иқтисоду саноатро сарпарастӣ хоҳад кард. Номбурда то таъин шудашан ба ин вазифа сардори Раёсати омори ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт.
Саидбеки Сафарзода бошад, то ин замон ба ҳайси директори мактаби №26-и ноҳияи Кӯшониён фаъолият мекард.
Ҳамчунин, Маҳмадӣ Шарипов, ки то ин лаҳза сардори Раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон кор мекард, муовини раиси ноҳияи Вахш таъин шудааст.
Бояд гуфт, ки оғози соли ҷорӣ низ дар чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд муовинони нав таъин гардида буданд.
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста