Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури фармон раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як додрасии Додгоҳи ВМКБ-ро барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” ва се додраси дигарро бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад.
Онҳое, ки барои “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шуданд, Зафар Қодирзода ва Насрулло Садриддинзода мебошанд.
Радиои Озодӣ моҳи апрели соли равон хабар дода буд, ки Зафар Қодирзода “дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт ва Додистони кулли Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст”.
Ин расона бо такя ба ду манбаи хеш навишта буд, ки “ӯ ба гирифтани пора ва қаллобӣ” айбдор мешавад ва “бархе ҷиноятҳоро ӯ дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва бархеи дигарро дар ВМКБ содир кардааст”.
Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, аз вазифаи додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи додраси Додгоҳи ВМКБ таъин шуда буд.
Насрулло Садриддинзода бошад, то ҳол маълум нест, ки барои кадом кирдорӣ пастзанандаи шаъну эътибори судя аз вазифа озод шудааст. Ӯ то таъин шудан ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар моҳи феврали соли 2020, ба ҳайси муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Се нафари дигар, ки имрӯз, 23-юми май бо фармони президент аз вазифаи додрас бинобар расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд, Сафаралӣ Холматзода, Ҳасан Қодирзода, додрасҳои Додгоҳи вилояти Хатлон ва Сайфидин Муҳидинзода, муовини якуми раиси Додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошанд.
Озод кардани додрасҳо барои кирдоре, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, таҷрибаи нав нест ва қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон чандин додрасро барои ин кирдор аз вазифа озод кардааст.
Аксари вақт дар бораи додрасҳое, ки барои содир кардани “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод мегарданд, дар расонаҳо оид ба гирифтани пора ва қаллобӣ хабарҳо нашр мешаванд.
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста