Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023, аризаи даъвогии прокурори генералии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ташкилоти “Памир дейли нюс” (“Pamir Daily News”) ё “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.
Маълумот дар бораи манъи фаъолияти Pamir Daily News рӯзи 19 июл дар сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон нашр шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамзамон фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар баста шуданд.
“Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”, - зикр мешавад дар маълумот.
Дар бораи сабабҳои қатъи дастрасӣ ба портал Прокуратураи генералӣ хабар намедиҳад.
Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои иштирок дар ташкилоте, ки аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардидаааст, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар нашрияи манъшуда менависад, Pamir Daily News ба кораш идома медиҳад.
Ин аввалин нашрияи интернетие нест, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон экстремистӣ эълон шудааст. Соли 2020 Суди олии Тоҷикистон сомонаи хабарии “Ахбор”-ро, ки қароргоҳаш дар Прага воқеъ аст, мамнӯъ эълон карда, изҳор намуд, ки мундариҷаи он ба манфиатҳои “террористону ифротгароён” хидмат мекунад.
Созмонҳои байнулмилалии рӯзноманигорон ва ҳомии ҳуқуқ мунтазам Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии сухан ва фишор болои журналистону блогерҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд.
Тайи соли ахир дар Тоҷикистон 8 нафар рӯзноманигорон ва блогерон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои экстремистӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шуданд.
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста