Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон раииси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои ҳукумат роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Сипас ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шунида шуд.
Ӯ хабар дод, ки Саридораи геология фаъолияти худро дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуда, дар асоси он омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро аз рӯи 56 лоиҳа дар иншооти корҳои минтақавӣ идома медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари иҷрои Барнома саридора дар давраи солҳои 2018-2023 корҳои шартномавиро низ аз рӯи зиёда аз 1200 лоиҳа ба маблағи 118,2 млн. сомонӣ иҷро намудааст.
Дар идомаи кори маҷлис як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи ҶТ “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи чарогоҳ” муҳокима ва, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба «Барномаи давлатии рушди оила дар ҶТ барои солҳои 2024-2028», «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои солҳои 2024-2028» ва «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии ҶТ барои солҳои 2024-2028» баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани мавсими зимистон, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, тозагии муҳити зист, сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо ва ҷоннок намудани тадбирҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста