Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат президенти Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ҷумҳуриро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфт.
Дар паёми шодбошии сарвари давлат, ки дар сомонаи расмии президент нашр шудааст, гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштанд.
“Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд”, - омадааст дар паёми шодбошии президент.
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштааст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд.
Зикр мегардад, ки вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабор сахт ба нигаронӣ оварда, дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.
Сарвари давлат ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил изҳор кардааст.
“Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед”, - таъкид доштааст президенти Тоҷикистон.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста