Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» - | Ба ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Узбекистон сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кушта шуд.
Тавре ба «АП» дар хадамоти марзии кишвар хабар доданд, шаби 9 апрел номбурда аз ноҳияи Хавасти вилояти Сирдарёи Узбекистон ба хона боз мегашт ва ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба тирпаронии ҳушдори марзбонони узбек аҳамият надода роҳашро давом дод. Дар натиҷа ӯ ҳадафи тир қарор гирифта дар ҷои ҳодиса ҷонашро аз даст дод.
«Маълумоти дақиқи воқеа ба мо ҳанӯз маълум нест», афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Узбекистон соли 2000 ум реҷаи яктарафаи раводидиро бо Тоҷикистон ба роҳ монд. Мувофиқи он сокинони навоҳеи наздимарзӣ ҳуқуқ доранд танҳо ба мӯҳлати на беш аз се шабонарӯз ба аёдати наздиконашон раванд. Вуҷуд доштани монеаҳои зиёд ҳангоми гузаштани нуқтаҳои марзӣ аз ҳар ду ҷониб сокинони навохеи наздимарзии Тоҷикистон ва Узбекистонро водор мекунад то ҳар чи бештар аз роҳи убури ғайриқонунии марз истифода баранд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кушта шудани беш аз 10 кас дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон дар Лубнон
Корфармоёну корҷӯён барои як “дидори кӯтоҳмуддат” дар Душанбе гирдиҳам омаданд
“Рейд” дар марказҳои дилхушӣ. 230 нафар дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба милитсия оварда шуданд
Мусофирони дағал ва хароҷоти зиёд. Нигаронии ронандагони таксӣ аз шеваи бархурди муштариён бо онҳо
Тоҷикистону Ӯзбекистон долони нави ҳавоӣ бунёд мекунанд
Бохти "Истиқлол" дар даври аввали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар Душанбе
Дар Олимпиадаи шоҳмот мунтахаби мардони Тоҷикистон Португалияро мағлуб кард
"Пештар обрӯяш бештар буд". Имрӯз омӯзгори тоҷик чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро баланд бардорем?
Ҷалби Олмон ба сохтмони “Роғун”. Эмомалӣ Раҳмон дар Остона чӣ гуфту чӣ шунид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста