Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) ҳукуматдорони Тоҷикистонро аз сар задании даргириҳои мусаллаҳона ҳушдор медиҳад.
Дар гузориши чанде қабл дар сомонаи расмии ICG ( www.crisisgroup.org ) интишоргардида гуфта мешавад, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон – қашшоқтарин ҷумҳурии минтақаи Осиёи Марказиро қабл аз ҳама Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ки ташкили халифати исломӣ ҳадафи аслиаш аст, метавонад рӯйи кор оварад.
Ҳамчунин дар гузориш зикр мегардад, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи мухолифи ҳукумат амал мекунанд, ки феълан ҳарчи бештар таваҷҷӯҳи худро ба шимол равона сохтаанд ва ба марзи 1400 километраи Тоҷикистону Афғонистон торафт наздиктар меоянд.
Таҳлилгарони ICG мӯътақиданд, ки Тоҷикистон амалан воҳидҳои махсуси низомиеро доро нест, ки ба ин гурӯҳҳои мусаллаҳ истодагарӣ карда тавонанд ва барои исботи назари худ, ҳаводиси соли гузаштаи Раштро мисол меоранд, ки мутобиқи маълумоти ICG, ошкор шудааст, ки дар кишвар ҳамагӣ каме беш аз 30 низомие мавҷуд будааст, ки қобилияти хуби муқобилият ба ин гурӯҳҳоро доштааст.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар ҷумҳурӣ насли нави мухолифини мусаллаҳ ба воя расидаанд, ки нияти ҳисобаробаркунӣ бо ҳукуматдорон барои ҷанги бохта дар солҳои 1992-1997-ро доранд. Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷомеаи Тоҷикистон феълан ҳарчи бештар ба ислом гаравида, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муносибаташро бо ҳукумат тундтар менамояд.
(Дар акс чархболи Гвардияи миллӣ, ки зимни амалиёти махсус дар водии Рашт ба садама дучор гардида буд).
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста