Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дасьаҷамъӣ (СААД) ба кор оғоз мекунад, ки Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири мудофиа, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Рамил Нодиров намояндагӣ мекунад.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур масоили беҳбуди самаранокии фаъолияти мутақобилаи сардорони ситоди кулл (Сарраёсатҳо, Кумитаи сардорони ситодҳо, ситодҳои муттаҳида)-и Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви созмон ва такмили фаъолияти ситоди муттаҳидаи СААД мавриди баррасӣ қарор мегиранд. «Дар ҷаласа ба мушкилоти муҷаҳҳаз сохтани Нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ бо намунаҳои силоҳу муҳимоти муосир, техникаи махсус ва низомӣ низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин атрофи масоили ташкили нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД ва чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати омодасозии ин нерӯҳо барои истифода аз рӯйи таъинот низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.
Ёдрас мекунем, ки 18-уми сентябри соли 2003 Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди амал қарор гирифта, феълан ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Точикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста