Додгоҳи ноҳияи Мурғоб сокини маҳалли Помири хурди Афғонистон Бердиқул валади Фозилро ба мӯҳлати ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додгустари ноҳияи Мурғоб Батир Хидиров иттилоъ дод, ин шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон барои убури ғайриқонунии сарҳад муҷозот шуд, вале ҳукм бо назардошти ҳолати сабукшуда татбиқ гардид.
Ба гуфтаи Бердиқул, ӯ солҳо боз орзуи зан гирифтанро дорад, аммо оҷизӣ кашидан дар пардохти маҳр (маблағи қалин) вайро маҷбур сохт, ки ба умеди корёбӣ сарҳадро убур кунад.
Сокинони ноҳияи Мурғоб мегӯянд, аз сабаби кам будани шумораи занон дар маҳалли Помири хурди Афғонистон, инчунин ба садҳо сар қӯтосу гӯсфанд ва чанд сар уштур баробар шудани қиммати ширбаҳои арӯс дар он мавзеъ, барои бештари мардон, ки имкониятҳои танги иҷтимоӣ доранд, зан гирифтан қариб ба орзуи амалинашаванда табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бори аввал нест, ки дучори марзшиканони корҷӯ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ноҳияи Мурғоб, солҳои ахир раванди муҳоҷирати сокинони ин ноҳия ба Русия афзоиш ёфтааст. Аммо дар назари ҳамтаборони марзшикани афғонистонӣ ноҳияи Мурғоб Русияро мемонад. Онҳо аз сабаби тасаввуроти нодуруст оид ба имкониятҳои иқтисодии ин ноҳия, бо умеди ба даст овардани молу сарват убури марз мекунанд.
Мутахассиси риштаи кишоварзии Бунёди Оғохон дар Афғонистон Азимшо Баҳронов дуруфтодагии Помири хурд ва набуди хадамоти пизишкиро аз мушкилоти асосии Помири хурд дар Афғонистон унвон мекунад, ки бар асари он фавти бармаҳали тифлон, ба вижа духтарон зиёд аст.
Ба иттилои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, сарҳадро на танҳо қочоқбарони афғон, балки дар баъзе маврид гурӯҳе аз ашхоси кишвари ҳаммарз бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии худ ғайриқонунӣ убур мекунанд.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста