Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи ХАС\К22 «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии тавлиди Афғонистон тариқи хатсайри шимол ҷиҳати таҳкими иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-рухсатдиҳӣ ва ташкили идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» охири моҳи октябри соли равон дар АНМН барои афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон курсҳои ибтидоии панҷрӯза ташкил намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, мақсади асосии курсҳои мазкур баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омода намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ду кишвар ба сифати афсарон оид ба ҳамкориҳои марзӣ ҷиҳати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ин лоиҳа барои таъсиси ду идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ дар ду нуқтаи назоратӣ-рухсатдиҳӣ (Фотеҳобод – Ойбек ва Дӯстӣ - Сариосиё) дар сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон барои мубориза бо мухаддирот тариқи хатсайри шимол равона гардидааст.
Маврид ба ёдоварист, ки ба «Идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» (ИҲМ) кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста