Шаби 20 ба 21-уми декабри соли равон, тақрибан соати 2 дар ҳудуди деҳаи котеҷии Морскойи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск ду шахси номаълум хоначаи чӯбинеро оташ заданд, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхайров Аскарҷон Раҳимҷоновичи 29-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд иқомат мекард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар натиҷаи сӯхтори сарзада шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
«Оид ба ин ҳодиса дар прокуратураи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз шумораи истиқоматкунандагони маҳаллӣ ду нафар гумонбаршудагон боздошт шуданд», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии ҶТ, чанде қабл ҷасади А.Абдулхайров ба ватан оварда шуда, дар деҳаи Сорои ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шуд. Дар вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки Абдулхайров ба муҳоҷирати корӣ 7-уми декабри ҳамин сол рафтааст.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Кобил26 декабр, 2011 15:04
Барои чи мухочирони мо бе пуштибон хастанд? Барои чи хукуматдорони мо аз онхо пуштибони намекунанд магар мухочирони точик фарзанди угайи Точикистонанд?