Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чанде аз расонаҳои хабарӣ иншор шуд, рад месозад.
Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ширкат чопшуда зикр мегардад, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд.
«Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд», - гуфта мешавад дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.
Дар ширкати ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки ҳайати кормандони чархболҳо боздошт нагардида, дар сафари хидматианд ва озодона дар шаҳри Кобул будубош доранд.
«Айни замон ширкате, ки ҳайати кормандони чархболу ҳавопаймоҳоро киро кардааст, ҳамаҷониба баҳри ҳалли баҳси ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад, - гуфтанд дар ширкат. – Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд».
Ёдрас мекунем, ки қаблан чанде аз васоити ахбори умум дар бораи боздошти ҳайати кормандони ду чархболи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар фурудгоҳи Кобул хабар дода буданд.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста