Мораторияи оташбас аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ то ахири рӯз тамдид ёфт.
Аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қотеъона ба замин гузоштани аслиҳа ва таслим кардани гумонбаршудагон ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров талаб карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ бо аҳолии маҳаллӣ суҳбатҳо доир намуда, аз онҳо даъват менамоянд, ки баҳри барқарор кардани субот кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ оид ба нобуд сохтани гурӯҳи Толиб Айёмбеков оғоз гардид, ки аъзои он ба қатли генерал Назаров гумонбар дониста мешаванд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.




Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад
Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад
Ҳузури президент, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, форум ва консерти муштарак. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон чӣ гуна мегузарад?
Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста