Субҳи дирӯз дар шаҳри Хоруғ дар робита ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров гирдиҳамоӣ оғоз гардида, вазъ то кунун бетағйир боқӣ мемонад.
Аксари ҷамъомадагон шабро дар майдони Ваҳдати назди бинои ҳукумати вилоят рӯз карданд.Дар баъзе ҷойҳои майдон хаймаҳо гузошта шуданд. Дар ҳамин ҷо гирдиҳамомадагон ғизо омода мекунан ва ин гувоҳи он аст, ки онҳо майдонро то иҷрои талаби асосӣ аз ҷониби ҳукуматдорон, яъне хурӯҷи ҳарчи зудтари нерӯҳои низомӣ аз Хоруғ тарк нахоҳанд кард. Миёни талабҳои дигар ҳамчунин истеъфои раиси ВМКБ Қодири Қосим низ ҷой дорад.
Тибқи баъзе маълумот, шурӯъ аз шоми дирӯз сокинони ноҳияҳои дигари вилоят низ ба сафи эътирозгарон мепайванданд.
Имрӯз дар Хоруғ бо иштироки намояндагони мардумӣ, раиси ВМКБ ва намояндагони сохтори қудратӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ доир мегардад, ки дар он барои баргузории гирдиҳамоӣ иҷозатномаи расмӣ дархост хоҳад шуд. Танҳо баъди он тазоҳургарон метавонанд расман талаботи худ оид ба хурӯҷи нерӯҳои низомиро пешниҳод кунанд.
Шоми рӯзи чоршанбе Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шарҳи расмии худ оид ба ин ҳодиса изҳор кард, ки Имомназар Имомназаров рӯзи 22-юми август бар асари таркиш дар манзили истиқоматии худ дар ш.Хоруғ ба ҳалокат расид.
Дар идомаи иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки ин ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ фаъолият дорад, мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷааш чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Имомназар Имомназаров яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон маҳсуб меёфт. Имомназар Имомназаров яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон маҳсуб меёфт. Субҳи рӯзи 22-юми август ӯ дар манзилаш бо сабабҳои то ҳол норӯшан кушта шуд. Ҳамчунин наздикони ӯ, аз ҷумла бародараш низ захмӣ шуда, ба беморхона мунтақил гардидаанд. То ҳанӯз аз ҷониби кӣ сурат гирифтани ин ҳамла маълум нест.
И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.
Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста