Хурӯҷи нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ мутобиқи нақшаи таҳияшуда аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ВМКБ Қодири Қосим хабар дод.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор кард, ки имрӯз аллакай марҳилаи аввали хурӯҷи нерӯҳо аз Хоруғ шурӯъ шуд.
«Айни замон вазъ дар шаҳр ором буда, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳои тиббиву савдо ва маишӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ супурдани имтиҳоноти қабул идома дорад», - гуфт ӯ.
Қ.Қосим аз ифшои санаи дақиқи комилан хориҷ шудани нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ худдорӣ варзида, таъкид намуд, ки «ҳаммаш ба вазъу рӯйдодҳои минбаъда вобаста аст».
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии ВМКБ подполковник Мизроб Доробов, шоми рӯзи панҷшанбе тамоми ҳарбиёне, ки дар дидбонгоҳҳои муштарак мустақар буданд, қариб 250 нафар дар 9 мошин шаҳри Хоруғро тарк карда, ба қисмҳои ҳарбии хеш баргаштаанд.
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста