Имрӯз аз замони бори нахуст дар қитъаи Хонободи ноҳияи Исфараи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар асари таркиши мина ҳалок шудани 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон расо 12 сол пур мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари амалиёти Маркази Тоҷикистон оид ба масоили мина Парвиз Мавлонқулов хабар дод, айни замон шумори ҷабрдидагон 81 нафар захмиву 76 тан фавтидаро ташкил медиҳад, ки ҳамаашон аҳолии осоишта мебошанд.
«Соли 2000-ум Ӯзбекистон 1 ҳазору 200 километри марзро мингузорӣ карда буд, вале бинобар сабаби узви Конвенсияи Оттава набудан, ба пешниҳоди харитаи қитъаҳои мингузоришуда уҳдадор нест, - гуфт вай. – Аз ин рӯ, айни замон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ гуна таҳқиқот ва корҳои поккории минтақаҳо аз мина гузаронида намешаванд. Мо танҳо ба ҷабрдидагон кӯмак расонида, аз мавҷудити хатари мина онҳоро огоҳ менамоем».
Дар робита ба масъалаи ҳалокати як наврас дар ноҳияи Шӯрообод бар асари инфиҷори снаряди натаркида, ки чанде қабл дар ноҳияи Шӯрообод рух дод, номбурда гуфт, ҳоло маълум нест, ки ин снаряд аз куҷо ба ин мавзеъ афтода бошад ва ба тафтишоти ҳодисаи мазкур мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқ салоҳиятдоранд.
«Ҳоло боз 7 млн. метри мураббаъи қаламрави кишварро, ки зиёда аз 200 майдонҳои минадорро ташкил медиҳанд, мебояд аз мина поккорӣ намуд. Ин майдонҳо асосан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, минтақаи марказии ҷумҳурӣ ва Сағирдашт воқеъанд. Ин минтақаҳо аслан макони даргириҳои шадиди ҷанги шаҳрвандианд», - гуфт ӯ.
Мавлонқулов иброз дошт, ки мутобиқи Конвенсия, соли 2020 Тоҷикистон бояд кишвари озод аз минаҳо гардад. «Солҳои пешин имконоти мо он қадр кофӣ набуд, вале феълан бо дастгирии Фондҳои безараргардонӣ аз минаи Швейтсарияву «Кӯмаки мардуми Норвегия» ва дар ҳамдастӣ бо Созмони миллии «Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон» ва Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мо бо 3 мошини поккории мина ва 22 сагҳои махсус омӯзонидашуда таъмин буда, дар барномаҳои ин самт ҳудуди 250 нафар, аз ҷумла сапёрон низ машғули коранд ва комилан қодирем, ки ин корро то соли 2020 низ ба итмом расонем», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 1992 дар Тоҷикистон бар асари инфиҷори мина ва дигар муҳимоти натаркида 368 нафар ҳалок ва боз 475 нафари дигар захмӣ шудаанд
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста