Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳое, ки зимни санҷиши фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор шудаанд ва аъзои ҳизб, ки ба содир намудани ҷиноят алайҳи сохти конститутсионӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ахбор интишор намуд.
Прокуратураи генералӣ аз ҷумла раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоевро дар муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ гунаҳкор медонад.
Дар ахбор зикр мегардад, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров И.О. - раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Ш. Карамхудоев шаби 23-юми июли соли 2012 бо даъвати додари И.О. Имомназаров – Султонназар Имомназаров ба қаҳвахонаи «Алёш»-и шаҳри Хоруғ рафтааст, ки дар он ҷо ҷавонони зиёд ҷамъ омадаанд. С. Имомназаров бо супориши бародараш И.О. Имомназаров ба ӯ ва дигар ҷавонон либоси ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон, аз қабили пулемёти Калашников, автоматҳои Калашников, гранатамёт, гранатаҳо ва дигар воситаҳои таркиши худсохт дода, ӯро сардори гурӯҳи 21-нафара таъин карда, мавқеи ҷойгиршавиашонро дар рӯ ба рӯи отряди сарҳадбонон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ муайян кардааст. Шаби 23-юм ба 24-уми июли соли 2012 онҳо бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва дигар воситаҳои тарканда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона намудаанд.
Дар робита ба фаъолияти ҲНИТ дар Хоруғ Прокуратураи генералӣ аз қавли Шерик Карамхудоев иттилоъ медиҳад, ки «ягон аъзои ҳизб аъзоҳаққӣ насупорида, баръакс кормандони бахшҳои ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он тавассути ӯ ҳар моҳ 600 сомонӣ аз ҳисоби ҲНИТ мегирифтаанд».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми июл зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ Ш.Карамхудоев бедарак шуда, санаи 8-уми август маълум шуд, ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ дар Душанбе қарор дорад. 23-юми август дар Хоруғ раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоев кушта шуд. Айн замон беш аз 3 ҳазор нафар аҳолии Бадахшон аъзои ҲНИТ мебошанд.
Дар ахбори Прократураи генералӣ ҳамчунин гуфта мешавад, давоми солҳои 2010-2011 ҲНИТ дар бораи ба сафи ҳизб павастани 600 нафар сокинони ноҳияи Исафра дар ин давра хабар дода буд, вале тибқи ҳуҷҷатҳо онҳо ҳамагӣ 80 нафарро ташкил медодаанд.
Ҳамчунин дар ахбор ҲНИТ ба риоя накардани муқаррароти ҳуҷҷатгузорӣ зимни қабулу хориҷ кардани аъзои ҳизб, пардохти аъзоҳаққӣ, даст доштани аъзои ҳизб ба созмонҳои ифротгаро аз қабили «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва «Ҳизб-ут-Таҳрир» муттаҳам карда мешавад.
Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит инро фишор болои ҳизб дар остонаи интихоботи президентии соли 2013 арзёбӣ намуда, изҳор кард, ки бо интишори ин ахбор Прокуратураи генералӣ ният дорад, ки ҷараёни баррасии шикояти ҲНИТ дар бораи ғайриқонунӣ будани баргузории санҷиши фаъолияти аҳзоб аз болои мақомоти прокуратураро мутаваққиф созад.
«Суди ноҳияи Синои пойтахт пас аз баррасии думоҳа шикояти моро қонеъ накард, вале мо ба зинаи дигари бозбинии додгоҳӣ – Ҳайати мушовараи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии шаҳри Душанбе муроҷиат намудем ва минбаъд низ онро пайгирӣ хоҳем кард», - гуфт муовини раиси ҲНИТ.
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста