Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Владимир Чиркин изҳор кард, ки шартномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон нимаи аввали соли 2013 ба имзо мерасад.
«Айни замон шартҳои қарордод мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Русия имзои шартнома ба муҳлати 49 солро пешбинӣ мекунад ва то охири моҳи март барои баргузории машваратҳо ҷиҳати таҳияи шакли ниҳоии созишнома муҳлат дода шудааст», - изҳор доштааст номбурда дар мусоҳиба ба радиои «Эхо Москвы».
Дар ин мусоҳиба Чиркин зикр кардаааст, ки Тоҷикистон аз Русия кӯмаки хеле зиёди молӣ дархост намудааст, ки садҳои миллион доллар дар як солро ташкил медиҳад.
Қаблан рӯзномаи Взгляд иттилоъ дода буд, ки муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев ва роҳбари Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров оид ба тақдири минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия гуфтушунид анҷом доданд.
Ба иттилои сарчашмаҳои гуногун, дар қарордод шартҳои ройгони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 29 соли минбаъда пешбинӣ шудаанд, вале ин муҳлат метавонад тағйир дода шавад.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста