Зимни пешгирии қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон аз ҷониби марзбонон як нафар ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар посгоҳи марзии воқеъ дар мавзеи Ёгеди ноҳияи Дарвози ВМКБ марзбонон афродеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки кӯшиши убури марзро доштаанд. Пас аз итоат накардан ба огоҳӣ, онҳо ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, яке аз қочоқгарон, Фурқат Алишбекови 31-сола ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ду нафар ҳамроҳонӣ ӯ – шаҳрвандони Афғонистон муяссар шудааст, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд. Яке аз онҳо низ захмӣ шудааст.
«Дар ҷойи ҳодиса шаш зарфи дорои бензин ошкор гардида, аз ин метавон ба хулоса расид, ки ин гурӯҳ ба қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул будааст», - гуфтанд дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста