Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.
«Нисбати Умаралӣ Қувватов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», - гуфт ӯ дар ин робита ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ варзид.
Бо назардошти миёни Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расидани Созишнома дар бораи истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистони гумонбар ба содир намудани ҷиноят аз АМА, эҳтимол меравад, ки дархости Тоҷикистон қонеъ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш ба ватан, ӯ мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор хоҳад гирифт. Ӯ ҷиҳати мусоидату кӯмак ба озодии шавҳараш ба Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) муроҷиат намуд.
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста